• Чт. Июн 26th, 2025

ШИНОСОИИ САРДОРИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ ШАРОИТИ КОРИИ ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРҲОИ ИСФАРА ВА КОНИБОДОМ

Ноя 23, 2023
Имрӯз сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин бо гурӯҳи корӣ ба воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом сафари корӣ анҷом дода, аз шароити кории идораҳои нотариалии давлатӣ ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом боздид ба амал оварданд.
Зимни сафари хеш, сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин аз таъминоти моддию техникии мақомот, вазъи ҳолати нигоҳдошти ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ва биноҳои маъмурии маркази адлия дар шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом дидан намуда, ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи бино, чароғонкунии он, таъмир намудани мавзеҳои таъмирталаб ва ба ин васила фароҳам овардани шароити мусоид ба шаҳрвандон ва кормандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, бо иштироки роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ машварати корӣ доир намуданд. Дар кори машварат муовини сардори Раёсати адлия Солеҳзода Н.Ф., сармутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва ташкили кори Раёсат Вализода И., сармутахассисони шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсат Исозода Н.М. ва Масрурзода Ф. иштирок карданд.
Машваратри кориро сардори Раёсати адлия Шарофиддин Шарифзода оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории вазорат дар шаҳри Исфара ва Конибодомро мавриди муҳокима қарор дода, ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохториро дар алоҳидагӣ шунида, дастоварду камбудиҳои онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷараёни мавшарат, сардори Раёсат Шарофиддин Шарифзода баромад намуда, таъкид доштанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳо тадбирҳо андешида, зимни фаъолияти корӣ муқарраротҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, таъмини иҷрои фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2023, №11 оид ба китобдорӣ, сатҳи мутолиаи асарҳои бадеи ва ҳуқуқӣ, иҷрои Фармоиши сардори Раёсати адлия аз 15 майи соли 2023, №07-к доир ба ситоди фаврӣ ва нақшаи чорабиниҳои Раёсати адлияи вилояти Суғд дар бораи сари вақт омода намудани Раёсат ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2023-2024, риояи Дастурамали коргузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар интиҳои машварат роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ба сардори Раёсати адлияи вилоят барои дастгириҳои пайваста дар самти пешбурди фаъолияти корӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо назардоштии имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.