Бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳамчун ҳамоҳангсози амалишавии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2024, №61 санаи 15-уми майи соли 2024 ва тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар ин самт, дар толори «Кохи Истиқлол»-и шаҳри Гулистон доир ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо сокинони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон, муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷонӣ Саидраҳмон, аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамалкунандаи вилояти Суғд, аз ҷумла, судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Толиб, муовини сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Фахридинзода Фирдавс, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Неъматуллоева Маҳина, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ризозода Равшан, ҳуқуқшиноси Раёсати кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидов Садриддин, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадзода Зафар, инчунин судяи Суди шаҳри Гулистон Раҷабзода Сорбон ва сархатиби Масчиди ҷомеаи марказии шаҳри Гулистон Усмонов Муҳаммадҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон баромад намуда, иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 3-юми «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд. Ёдовар карда шуд, ки тибқи фармоиш сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла баҳри дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, дар идомаи мулоқот аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамалкунандаи вилоят ба сухан баромада, ба ҳозирин доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои оила ва оиладорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.













