• Чт. Июн 26th, 2025

АДВОКАТУРА

Ноя 23, 2020

СОҲИБ ШУДАН БА МАҚОМИ АДВОКАТ

Мутобиқимоддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшинос дорад, забонидавлатиро медонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корй аз рўи ихтисоси ҳуқуқшинос дорад ё коромўзиро дар ташкилоти адвокатй дар мўҳлати муқаррор намудаи Қонуни мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.

Шахс ҳуқиқи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва машғул шудан ба фаъолияти адвокатиро надорад, агар:

— ба талаботи қисми 1 ҳамин мода ҷавобгў набошад – мувофиқи тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти  амалаш маҳдуд карда шуда ё ў ғайриқобили амал эътироф карда шудабошад;

— барои содиркардани ҷиноят маҳкум шудабошад — аз мақомоти давлатй, судҳо, адлия, прокуратура, адвокатура дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбй барои вайрон кардани савганди касбй, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсиони дошта аз вазифа озод карда шуда бошад

— дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятй озод шудабошад.

  1. Қарор дар бораи додани мақоми адвокатро Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссияи тахассусй) баъди аз ҷониби шахси довталаб супоридани имтиҳони тахассусй барои соҳибшудан ба мақоми адвокат қабул менамояд.
  2. Ба собиқаи корй аз рўи ихтисоси ҳуқуқшиносй, ки барои соҳибшудан ба мақоми адвокат зарур аст, кор дар мансабҳои зерин дохил мешавад:

— ба сифати судя, прокурор ва муфаттиш;

— мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатй ва хизмати давлатй, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;

— дар вазифаҳои хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;

— дар вазифахои муассиса іоиилмҳ-таіѕиѕотҳ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуҳуқшиносиро талаб мекунанд;

— ба сифати омўзгори фанҳои ҳуқуқшиносй дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбй ва пас аз таҳсилоти олии касбй;

— басифати адвокат;

— басифати ёрдамчии адвокат.

  1. Адвокат ҳуқуқ дорад бе иҷозати иловагй фаъолияти адвокатиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалй намояд.

 

КОМИССИЯИ ТАХАССУСЙ

Дар асоси моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй» дар назди Вазорати адлия Комиссияи тахассусй таъсис дода шудааст.

Комиссияи тахассусй масъалаи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он, инчунин гузаронидани аттестатсияи адвокатҳо ҳал менамояд.

Комиссияи тахассусй ба мўҳлати ду сол дар ҳайати 9 нафар аъзо бо чунин меъёри намояндагй таъсис дода мешавад:

— ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— як намоянда аз Созмони Судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-панҷ намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро Анҷумани адвокатҳо интихоб менамояд;

— як намояндаи дорои унвони илмии соҳа ҳуқуқшиносй, ки аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Раиси Комиссияи тахассусй яке аз муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи тақсимоти вазифаҳо мебошад. Муовини раиси Комиссияи тахассусй аз хисоби намояндагони адвокатҳо, котиби масъул аз ҳисоби аъзои комиссия дар ҷаласаи Комиссияи тахассусй интихоб карда мешавад. Ҳангоми иштирок надоштани раиси Комиссияи тахассусй дар ҷаласа, ваколати ў ба зиммаи муовини раиси Комиссияи тахассусй мегузарад.

 

ИҶОЗАТ ДОДАН БА ИМТИҲОНИ ТАХАССУСЙ

Тибқи талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй»:
  1. Шахсе, ки ба талаботи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 Қонуни мазкур ҷавобгў мебошад, хуқуқ дорад ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба соҳибшудан ба мақоми адвокат бо ариза муроҷиат намояд.
  2. Довталаб ба ғайр аз ариза ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

— нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатй ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи кории ў ҳамчун ҳуқуқшинос;

— нусхаи ҳуҷҷати таҳсилоти олии ҳуқуқшиносй;

— маълумотнома дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятй кашида шудан ва маҳкум гардидан

  1. Пешниҳод кардани маълумоти носаҳеҳ метавонад боиси рад кардани қабули ҳуҷатҳои довталаб гардад.
  2. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар муддати то як моҳ санҷиши саҳеҳй ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро, ки аз ҷониби довталаб пешниҳод карда шудаанд, мегузаронад. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ҳуқуқ дорад аз мақомоти давлатй ва ташкилотҳои дахлдор оид ба тасдиқ кардани саҳеҳй ва дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳод кардаи довталаб дархост намояд. Мақомоти давлатй ва ташкилотҳои мазкур ўҳдадоранд, ки дар мўҳлати на дертар аз 15 рўз аз лаҳзаи гирифтани дархост ба мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз натиҷаҳои санҷиши ҳуҷҷатҳо маълумот пешниҳод намоянд.
  3. Баъд аз анҷомисанҷиш мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо доир ба ирсол намудани дархостй ҷиҳати иштироки довталаб дар имтиҳони тахассусй дар Комиссияи тахассусй ё оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо ба довталаб ҷавоби хаттй медиҳад.
  4. Қабули ҳуҷҷатҳо метавонад танҳо бо асосҳои дар Конуни мазкур пешбини гардида рад карда шавад. Дар ин хусус қарори дахлдор қабул карда мешавад. Нисбати қарори мақомоти минтақавии Иттифоқиа двокатҳо оид ба рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо дар мўҳлати як моҳ аз рўзи гирифтани нусхаи қарори мазкур ба Иттифоқи адвокатҳо ё ба суд дар мўҳлат ва бо тартиби муқаррар намудаи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.

 

ИМТИҲОНИ ТАХАССУСЙ
  1. Комиссияи тахассусй дар мўҳлати ду моҳ аз рўзи гирифтани пешниҳоди мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо аз довталаб имтиҳони тахассусй қабул мекунад.
  2. Имтиҳони тахассусй аз ҷавобҳои хаттй ба саволҳо ва мусоҳибаи шифоҳй иборат мебошад.
  3. Номгўи саволҳо барои имтиҳони тахассусй, тартиби супоридани имтиҳони тахассусй ва баҳогузории дониши довталабон аз ҷониби Комиссияи тахассусй таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
  4. Довталабе, ки имтиҳони тахассусиро насупоридааст, барои такроран супоридани имтиҳони тахассусй пас аз гузаштани на камтар аз шаш моҳ роҳдода мешавад.
ДОДАНИ МАҚОМИ АДВОКАТ
  1. Комиссияи тахассусй ба довталабе, ки имтиҳони тахассусиро бомуваффақият супоридааст, дар давоми панҷ рўз қарор дар хусуси ба ў додани мақоми адвокатро медиҳад.
  2. Комиссияи тахассусй ҳуқуқ надорад ба довталабе, ки бомуваффақият имтиҳони тахассусиро супоридааст, додани мақоми адвокатро рад кунад, ба истиснои мавридҳое, ки баъд аз супоридани имтиҳони тахассусй ҳолатҳо ошкор гарданд, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат монеъ мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо нисбати қарор оид ба рад кардани додани мақоми адвокат ба суд шикоят кардан мумкинаст.

Баъди қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат Комиссияи тахассусй дар мўҳлати се рўз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси қабули ин қарор огоҳ месозад. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 3 рўз маълумотро дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид менамояд.

 

ШАКЛҲОИ ТАШКИЛИИ ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТЙ
  1. Шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатй мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй»кабинети адвокатй, маслиҳатхонаи ҳуқуқй, коллегияи адвокатй ва бюрои адвокатй мебошанд.
  2. Адвокат хуқуқ дорад мустақилона шакли ташкилй ва ҷойи амалигардонии фаъолияти адвокатиро интихоб намояд.
  3. Бақайдгирии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатй тибқи Қонуни мазкур аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он амалй карда мешавад. Дар хусуси шакли ташкилии интихоб намуда ва макони фаъолияти адвокатй адвокат ўҳдадор аст дар мўҳлати даҳ рўз аз бақайдгирии давлатй ба таври хаттй мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро огоҳ намояд.
  4. Ташкилотҳои адвокатҳо дорои суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо дар бонкҳо, бланкҳо, мўҳр ва тамҷабономи худ мебошанд.

 

МАҚОМОТҲОИ МИНТАҚАВИИ ИТТИФОҚИ АДВОКАТҲОИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   

Ному насаб

 

Вазифа

 

Телефон

1. Мирзовалиён Х. Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар

шаҳри Душанбе

93 575 75 03
2. Махмудов З. Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар

Шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурй

90 798 72 12
3. Саидов С. Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар

Вилояти Суғд

92 601 76 34
4. Хайдаров А. Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар

Вилояти Хатлон

93 995 07 77
5.

 

Чоршанбиев М.А. Раиси мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар

ВМКБ

93 547 54 45

 

Бақайдгирии шаклҳои ташкилии фаъолияти адвокатй тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатй»ва Тартиби пешбурди фехристи ягонаи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 августи соли 2015, №549 қабул карда шудааст.

Айни замон аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он дар ҷумҳурй 187 кабинети адвокатй, 23 маслиҳатхонаи ҳуқуқй ва 18 коллегияи адвокатй бақайд гирифта шудааст.

ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ АДВОКАТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САВОЛҲОИ ИМТИҲОНИ ШИФОҲЙ

САВОЛҲОИ ИМТИҲОНИ ТЕСТӢ