Имрӯз, ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Конститутсия – шаҳодатномаи давлат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, сармутахассисони шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим ва Масрурзода Фирдавс, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Расулзода Нигора, муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аҳророва Гулчеҳра иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, чорабиниро муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аҳророва Гулчеҳра ифтитоҳ бахшида, зикр карданд, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 29 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худро таҳким бахшид. Зикр намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади танзимкунанда ва муқарраркунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Бо шарофати арзишҳои конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон эътироф менамоянд.
Сипас, дар чорабинӣ сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Нозим низ дар назди ҳозирин баромад намуда, иброз намуданд, ки бо гузашти 29 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаҳо нишон дод, ки маҳз ҳамин санади олӣ асосҳои ҳуқуқии рушди муносибатҳои ҷамъиятиро фароҳам оварда, дахлнопазирӣ ва муттаҳиддии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷиро муайян сохт. Аз ин ҷост, ки ҷой додани принсипҳои демократӣ, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф гардидани халқ, гуногунандешӣ, таҷзияи ҳокимият ба шохаҳо, эътирофи гуногуншаклии моликият ва дигар меъёрҳои ҷавобгӯ ба низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир дар Конститутсия таҷассум гардидааст, ки он аз тарафи олимони соҳа ба сифати яке аз конститутсияҳои демократиасос шинохта шудааст.
Баъдан, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Нигора Расулзода дар баромади хеш таъкид карданд, ки таъмини устувори ҳар як давлат, рушди бемайлони асосҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқии он ва пойдории арзишҳои ба он хос марҳилаи муайянро тақозо мекунад. Хусусияти ин марҳила аз таъмини сулҳу осоиши ҷомеа, пойдории арзишҳои демократӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд иборат мебошад ва маҳз ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баëн доштанд, ки “Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд”.
Дар фарҷоми чорабинӣ, аз ҷониби муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аҳророва Гулчеҳра ба кормандони Раёсати адлияи вилоят доир ба баргузории чунин чорабинии тантанавӣ изҳори сипосмандӣ карда шуд.



