«…рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетики вобастагии бузург дорад. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тарақӣ карда наметавонад». ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Имрӯз, санаи 10 – уми июни соли 2025 бо дастури вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳо бо нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии барқ дар ҳудуди вилоят бо аъзоёни Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилоят конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ» дар муассисаи давлатии вилоятии «Коҳи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» баргузор гардид.
Конференсияи илмӣ – амалиро муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт бо омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он саривақтӣ номид. Зикр намуд, ки аз ҳар оила то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолӣ обу нерӯи барқро дар тамоми фаслҳои сол сарфакорона истифода намоем, ба таъмини муътадили неъмати офарида дар кишвар саҳмгузор бошем.
Сипас, прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилоят, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Беҳрӯз Қурбонзода дар мавзӯи «Вазифаи сохторҳои барқтаъминкунии вилояти Суғд оид ба кам намудани талафоти барқ ва дуруст бурдани ҳисоботи интиқол ва фурӯши нерӯи барқ» баромад намуда, зикр намуд, ки имрӯзҳо нерӯи барқ на танҳо воситаи равшанӣ, балки пояи иқтисоди миллӣ, шарти рушди иҷтимоӣ ва нишонаи ҳаёти муосири шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Ӯ дар баромади хеш шарҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 – уми апрели соли 2025, №2163 ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 – уми апрели соли 2025, №2164 фаҳмонида, зикр намуд, ки барои ба самъи аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо, фаъолон, зиёиён то деҳаву маҳалҳои дурдаст, моҳияти тағйиру иловаҳо ба аҳолӣ расонида шавад.
Дар ҷараёни конференсияи илмӣ – амалӣ, муовини якуми раиси Суди вилояти Суғд Тоҷиддин Ҳафиззода оид ба таҷрибаи судӣ дар самти таъини ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ роҳ додаанд, инчунин сармуҳандиси филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд Ҷумабой Воҳидов вобаста ба мавзӯи конфренсия суханронӣ намуданд.
Сардори раёсати адлияи вилояти Суғд, котиби Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилояти Суғд Оятулло Раҳматзода дар идома баромад намуда, ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ» ҳамоҳанг сохтани фаъолияти аъзоёни Шӯро ва ба ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, ҳифзи низоми адолатнок ва пешгирии истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, ҳамзамон ҷилвагирӣ аз зарари иқтисодӣ ба соҳаи энергетика ва таъмин намудани риояи низоми ҳисобгирии қувваи барқ номид. Қайд карда шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии Шӯро, ин ташаккули низоми мунтазам ба аҳолӣ расонидани моҳият ва аҳамияти ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда ва дар тафаккури шаҳрвандон мустаҳкам намуданаи ғояи «таҳкими рӯҳияи эҳтиром ба қонун-гарави эъмори давлати ҳуқуқбунёд» мебошад. Таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаҳо бо нерӯи барқ, сарфаю сариштакорӣ, пешгирии талафот ва дуздии барқ дар ҳудуди вилоят, фаъолият аз тарафаи аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар вилояти Суғд ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор бо роҳи гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Конференсияи илмӣ – амалӣ бо муҳокима ва андешидани тадбирҳои минбаъда ҳусни анҷом пазируфт.