Санаи 3 — юми сентябри соли 2025 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода як қатор кормандони мақомоти адлияро дар арафаи 34-юмин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ намуданд, ки он нишони арҷгузории роҳбарият нисбат ба меҳнати софдилонаи онҳо мебошад.
Масъулини соҳа изҳори боварӣ менамоянд, ки бо тамоми донишу таҷриба ва маҳорату малака талоши худро барои тақвият бахшидани сиёсати ҳуқуқӣ дар кишвар ва ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона менамоянд.





