Имрӯз, санаи 4-уми сентябри соли 2025 дар толори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият ва кормандон раёсати адлия вилоят, инчунин роҳбарону масъулини воҳидҳои сохтории Вазорати адлия дар шаҳру нохияҳои вилоят чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, сардори раёсати адлияи вилоят Оятулло Раҳматзода суханронӣ намуда, ҷашни муқаддасу бузурги миллиро, ки дар фазои сулҳу суботи комили кишварамон таҷлил мегардад, табрик намуд. Қайд карда шуд, ки расидан ба Истиқлоли давлатӣ бузургтарину муқаддастарин падидаи таърихӣ ва барои ҳар фарди Тоҷикистон сарвати гаронбаҳотарин мебошад. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатиро бо меҳнати софдилонаю масъулиятнок ва бо садоқат ба Ватан ҳифз намуда, барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузорем.
Сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Дилноз Муҳаммадӣ андешаронӣ карда, Истиқлоли давлатиро сарчашмаи нуру зиё ва олитарин омили саодатбахши рӯзи фардо номид.
Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор кормандони фаъол бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд, ки ин иқдом шаҳодати дастгирӣ ва арҷгузории роҳбарият нисбат ба меҳнати софдилонаи кормандон мебошад.
Чорабинии идона бо суруду таронаҳои дилнавози санъаткорон хотири иштирокдоронро шоду фазои чорабиниро рангинтар намуд.








