Имрӯз, дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултаи таърих ва ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мухторов Киромиддин, нотариусони калони давлатӣ, нотариусони давлатӣ ва нозир – коргузорони идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Нахуст, сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, тазаккур дода шуд, ки зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.
Сипас, дар чорабинӣ мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултаи таърих ва ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мухторов Киромиддин баромад намуда, зикр намуданд, ки Парчами давлатӣ барои миллати тоҷик рамзи ваҳдату ягонагӣ ва ҳувияти миллӣ маҳсуб ёфта, эҳтироми он маънои арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои миллӣ аз оғози таърих то ба имрӯзро дорад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошему қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба ҷавонону наврасон талқин намоем.
Дар ҷараёни чорабинӣ, таъкид гардид, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчами давлатӣ бояд дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти мамлакат доимо ҷой дошта бошад.
Дар фарҷом, Исозода Нозим ба ҳозирин ҷиҳати иштироки фаъолона дар чорабинӣ, изҳори миннатдорӣ намуд.





