Санаи 8 декабри соли 2023, бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занони «Гулрухсор» дар меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода, муовини сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шерзод Фармонов, муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯзахон Мӯмин, мутахассиси пешбари шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Муҳаммадзода Дилноза, мутахассиси ҳамин шуъба Расулзода Нигора ва дигарон ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ва «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон» аз рӯи лоиҳаи «Баланд бардоштани ҳуқуқи занон тавассути чораҳои мубориза бар зидди зӯровари дар оила дар шаҳри Истаравшан»-и вилояти Суғд, беҳтар намудани муколама бо кормандони милитсия ва мақомоти маҳаллӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баромади иштирокчиён таъкид гардид, ки зӯроварӣ амале мебошад, ки ҳеҷ узре надорад, новобаста аз он ки, кӣ, кай ва дар куҷо онро содир мекунад. Зӯроварӣ дар оила хосияти боз ҳам бештар харобиовар дорад, чунки аз тарафи одами наздике, ки ҷабрдида аз аввал ба ӯ эътимод дошт, ба вуқӯъ меояд ва бо назардошти сабабҳои зиёде, ҷабрдидаро нотавон мегардонад ва ӯ ба муддати дароз азобу шиканҷаи худро пинҳон мекунад. Зӯроварӣ дар оила на танҳо ҳолати равонӣ, ҷисмонӣ ва эҳсоси амнияти дохилии ҷабрдидаро cуст мекунад, он инчунин дорои дигар оқибатҳои манфӣ барои тамоми ҷомеа мебошад. Ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, одатан аз ҷомеа худашонро дур мегиранд, бо атрофиёни наздик алоқаро гум мекунанд, дар таҳсилу кор мушкилӣ мекашанд. Онҳо наметавонад бо фаъолияти пурсамар ба манфиати ҷомеа машғул бошанд. Саривақт муайян кардани ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва расонидани кӯмаки самараноки психологӣ ба ҷабрдидагон барои барқароркунии боварӣ ба қувваи худ ва эҳёи нави захираҳои дохилӣ барои бартараф намудани мушкилот ёрӣ мерасонад.
Ҳамазамон, вобаста ба Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст. Махсусан, таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошад. Инчунин, яке аз ташаббусҳои дигар, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5 августи соли ҷорӣ дар самти ҳуқуқи инсон ба вуқӯъ пайваст ин – Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 мебошад.
Дар рафти мизи мудаввар байни иштирокчиён доир ба мавзӯъ, муҳокимарониҳо ва саволу ҷавоб доир гардид.


