• Чт. Июн 26th, 2025

БАРҚАРОР НАМУДАНИ МУҲЛАТИ ҚАБУЛИ МЕРОС БА ТАРИҚИ НОТАРИАЛӢ

Дек 22, 2023
Барои бо тартиби нотариалӣ барқарор намудани муҳлати қабули мерос ва додани ҳиссаи меросӣ ба меросгири нав риояи талаботи зерин ҳатмӣ аст:
а) мавҷудияти розигии хаттии ба тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳамаи дигар меросгирон, ки қаблан меросро қабул намудаанд. Розигии меросгироне бояд гирифта шавад, ки муайян кардани ҳиссаи меросии меросгири нав ба ҳуқуқҳои онҳо таъсир мерасонад. Масалан, розигии меросгирон тибқи васиятнома талаб карда намешавад, агар меросгири нав меросгир тибқи қонун бошад. Агар яке аз ин меросгироне, ки ҳуқуқи онҳо таҳти таъсир қарор мегирад, розӣ набошад, бо ин тартиби барқарор кардани муҳлати қабули мерос ғайриимкон аст;
б) агар шахсе, ки талаби қабули мерос дорад, тибқи васиятнома ё қонун меросгир бошад, яъне дар парвандаи меросии идораи нотариалии давлатӣ дар бораи ӯ маълумот бояд вуҷуд дошта бошад;
в) баъди додани розигӣ аз ҷониби дигар меросгирон, меросгири нав бояд ариза дар бораи қабули мерос пешниҳод намояд;
г) аз ҷониби нотариуси давлатӣ ба меросгири нав ҳиссаи меросиаш дода мешавад. Агар зарурат ҷой дошта бошад, шаҳодатномаҳои ҳуқуқ ба мероси қаблан додашуда бо қарори нотариус бекор карда шуда, ба меросгирон шаҳодатномаи нави ҳуқуқ ба мерос дода мешавад.
Иқтибос аз монографияи Соҳибзода М.М., Шерзода Б.С. Падидаҳои нави ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон: монография: нашри аввал. – Душанбе: «Меҳроҷ-граф», 2023. – С. 412-413.