Санаи 22 декабри соли 2023 дар толори Раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти роҳбарии сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд муҳтарам Шарофиддин Шарифзода ҷаласаи корӣ оид ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани дастуру супоришҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ ва ҷамъбасти фаъолияти Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ дар Раёсати адлия баргузор гардид. Дар кори он, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят, шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.
Ҷаласаи кориро, сардори Раёсат муҳтарам Шарофиддин Шарифзода ифтитоҳ намуда, доир ба зарурати саривақт баррасӣ ва иҷрои супоришҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати адлияи вилоят, нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ супоришҳои дахлдор доданд. Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ уҳдадор карда шуданд, ки аз ҷараёни иҷрои маводҳои назоратӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда маълумот пешниҳод намоянд. Таъкид гардид, ки ба вазъи воқеии баррасӣ ва иҷрои супоришҳо аҳаммияти махсус дода, онҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шаванд.
Ҳамзамон, доир ба зарурати қабул ва саривақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сипас, ҳозиринро бо маълумотномаи санҷишӣ, ки ҷиҳати таъмини иҷрои банди 21-уми нақшаи кори Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва расонидани ёрии амалию методӣ вобаста ба коргузорӣ ва фаъолияти нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар моҳи октябри соли 2023 анҷом дода шуда буд, шинос намуда, ҷиҳати фавран бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ҷаласаи корӣ, фаъолияти Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар робита ба он дастур дода шуд, ки зимни фаъолияти корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 тасдиқ карда шудааст, қатъиян риоя карда шавад. Баъдан, фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатӣ дар Раёсати адлия низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки зимни фаъолияти корӣ маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ буда, дар Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, риоя намоянд. Дар раванди баррасии кори Комиссияҳо нафароне, ки дар фаъолияти кории худ Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва одоби хизматчии давлатиро риоя накардаанд, мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати минбаъд бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастурур супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷоми ҷаласаи корӣ, сардори Раёсати адлия муҳтарам Шарофиддин Шарифзода барои боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳо пешниҳодҳои муфид дода, таъкид ба амал оварданд, ки зимни фаъолияти корӣ риояи ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти адлия ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шаванд.






