• Чт. Июн 26th, 2025

ҲУҚУҚИ ҲАМСОЯГӢ

Дек 27, 2023
Масъалаи ҳуқуқи ҳамсоягӣ дар моддаи 271 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим гардидааст. Мувофиқи қисми 2, моддаи мазкур «шахсе, ки дар ҳамсоягӣ молу мулки ғайриманқулро соҳибӣ мекунад, ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои ашёи ба он тааллуқдошта бояд маҳдудиятҳои бо қонунгузорӣ муқарраргардидаро ба манфиати ҳамсоя риоя намояд (ҳуқуқи ҳамсоягӣ), ҳамчунин ашёи ғайриманқули худро дар ҳолати муносиб нигоҳ дорад».
Паҳлуҳои зерини ҳуқуқи ҳамсоягиро ҷудо кардан мумкин аст:
а) риояи маҳдудиятҳои бо қонунгузорӣ муайяншуда ҳангоми амалисозии ҳуқуқҳои ашёӣ. Ҳадди амалисозии ҳуқуқҳои маданӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои ашёӣ дар моддаи 9 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, аз ҷумла дар асоси қисми якуми он ба амалисозии ҳуқуқҳои маданӣ бо нияти расондани зарар ба шахси дигар, инчунин сӯиистифода аз ҳуқуқ дар шакли дигар роҳ дода намешавад. Амалисозии ҳуқуқҳои маданӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи субъектҳои дигари ҳуқуқро вайрон намояд ва ба муҳити зист хисороти воқеӣ расонад;
б) молу мулки ғайриманқули худро дар ҳолати дахлдор нигоҳ доштан. Таъмини ҳолати дахлдори молу мулки ғайриманқул барои кафолати таъмини ҳолати дахлдори молу мулки ғайриманқули ҳамсоя талаб карда мешавад. Риоя накардани ин уҳдадорӣ метавонад боиси расондани зарар ба молу мулки ғайриманқули ҳамсоя гардад. Масалан, вайрон шудани қубурҳои обгузар, риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхтор ва монанди инҳо беистисно дар манзили дар бинои бисёрхонагӣ ҷойгиршуда боиси расондани зарар ба молу мулки ҳамсоягон шуда метавонад.
Бояд қайд намуд, ки молик уҳдадор аст новобаста аз он ки молу мулки ғайриманқули худро истифода мебарад ё не, бояд онро дар ҳолати дахлдор нигоҳ дорад.
Иқтибос аз монографияи Соҳибзода М.М., Шерзода Б.С. Падидаҳои нави ҳуқуқи мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон: монография: нашри аввал. – Душанбе: «Меҳроҷ-граф», 2023. – С. 187-188.