• Чт. Июн 26th, 2025

БО ТАШАББУСИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДОИР БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Янв 26, 2024
Имрӯз бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби муовини сардори Раёсат Солеҳзода Насрулло Файзулло, корманди шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим Маҳмуд якҷо бо раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Парвиз Мирзозода ва судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Толиб Давлатзода ва Ҳасанзода Ҷамолиддин бо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст, мулоқотро раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд муҳтарам Парвиз Мирзозода ифтитоҳ намуда, таъкид доштанд, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ“ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузошта, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Чунки, ба андешаи Сарвари давлат, Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст. Сипас, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Солеҳзода Насрулло дар бораи мубрамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат сухан намуда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон буда, асосан баҳри зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо маънои амиқу дақиқ ва тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Дониши ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсони муосир буда, донистани он ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат намояд.
Ҳамчунин, дар мулоқот ҷиҳати чил дар сад зиёд гардидани музди маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз оғози соли ҷорӣ ва аз якуми июли соли равон чил дар сад зиёд намудани музди маоши кормандони буҷетӣ ва стипедияи донишҷӯён, сӣ дар сад зиёд намудани нафақаро яке аз нуктаҳои муҳими Паём арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи мулоқот, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, волоияти қонун ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки нуктаҳои муҳими Паём мебошанд, судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Толиб Шарифҷон ва корманди шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Исозода Нозим Маҳмудҷон маърӯза намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.