Санаи 16 феврали соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Исозода Нозим Маҳмуд якҷо бо муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд подполковники хизмати дохилӣ Ҳалимҷони Акмал бо кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, муҳандисон ва нозирони қисму дидбонгоҳҳои ҷузъу томҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст, дар кори мулоқот аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Исозода Нозим Маҳмуд ба ҳозирин вобаста ба эълон гардидани “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, дар он қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Бояд гуфт, ки аксар вақт надонистани қонун боиси сарсонию саргардонии шаҳрвандон мегардад, ки ин дар баробари ранҷу азоб ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Инчунин, тасодуфан содир кардани ҷиноят, гаравидани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра аз надонистани қонуну ҳуқуқҳо бармеоянд. Дониши ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсони муосир мебошад. Донистани ҳуқуқ ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат намоянд.
Илова бар ин, дар идомаи мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

