• Чт. Июн 26th, 2025

МУЛОҚОТ ДАР ФАКУЛТАИ ҲУҚУҚШИНОСИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

Фев 23, 2024
Имрӯз, 23 феврали соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Масрурзода Фирдавс, сармутахассиси шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия Ҷумазода Мухбира ва мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Расулзода Нигора якҷо бо декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тоҷизода Шерзод бо донишҷӯён мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст, сармутахассиси шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят Ҷумазода Мухбира баромад намуда, ба ҳозирин оид ба номгузории миллии тоҷикӣ суханронӣ намуд, сипас дар кори мулоқот аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Масрурзода Фирдавс ва мутахассиси ҳамин шуъба Расулзода Нигора ба ҳозирин вобаста ба эълон гардидани “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, дар он қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Бояд гуфт, ки аксар вақт надонистани қонун боиси сарсонию саргардонии шаҳрвандон мегардад, ки ин дар баробари ранҷу азоб ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Инчунин, тасодуфан содир кардани ҷиноят, гаравидани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра аз надонистани қонуну ҳуқуқҳо бармеоянд. Дониши ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсон дар замони муосир мебошад. Донистани ҳуқуқ ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат намоянд.
Илова бар ин, дар идомаи мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.