Санаи 20 феврали соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Расулзода Нигора якҷо бо Директори иҷроияи МД КФ “Хуҷанд” Марофиев Фаррух Рустамович ва Юнусов Аҳлиддин котиби генералии Федератсияи Футболи вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст, дар кори мулоқот аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм Расулзода Нигора ба ҳозирин вобаста ба эълон гардидани “Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хеш мардуми кишвар, хурду бузурги мамлакатро даъват намуданд, ки ҳуқуқҳои худро донанду дар лаҳзаи зарурӣ манфиатҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Бояд гуфт, ки аксар вақт надонистани қонун боиси сарсонию саргардонии шаҳрвандон мегардад, ки ин дар баробари ранҷу азоб ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Инчунин, тасодуфан содир кардани ҷиноят, гаравидани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ғайра аз надонистани қонуну ҳуқуқҳо бармеоянд. Дониши ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсони муосир мебошад. Донистани ҳуқуқ ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат намоянд.
Илова бар ин, дар идомаи мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.



