• Чт. Июн 26th, 2025

БО ТАШАББУСИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ“ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОДА ШУД

Фев 24, 2024
Имрӯз,ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо ҷалби омӯзгорону хонандагон ва ҷавонону фаъолони шаҳр вобаста ба эълон гардидани «Соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Масрурзода Фирдавс, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма Расулзода Нигора якҷо бо муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Нахуст, муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон вохӯриро ифтитоҳ намуда, кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғдро ба толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хайрамақдам гуфта, ҷиҳати пеш гирифтани чунин иқдомҳо, ки бевосита барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад, изҳори миннатдорӣ намуданд. Инчунин, нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Сипас, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Расулзода Нигора доир ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ“ маърӯза намуда, баён доштанд, ки эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ“ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузошта, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад. Чунки, ба андешаи Сарвари давлат, Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст
Дар ҷараёни вохӯрӣ, вобаста ба мубрамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкид гардид, ки Паёми имсола фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон буда, асосан баҳри зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо маънои амиқу дақиқ ва тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки дониши ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими тарбия ва фарҳанги инсони муосир буда, донистани он ба одамон кӯмак мекунад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро донанд ва онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муҳофизат намояд.
Дар идомаи мулоқот, вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, волоияти қонун ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки нуктаҳои муҳими Паём мебошанд, сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Масрурзода Фирдавс ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов андешаҳои хешро иброз намуданд. Таъкид гардид, ки дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки барои насли имрӯз дар самти риояи қонуният намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.