Имрӯз бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати омӯзши роҳу воситаҳои муосири таблиғу ташвиқи ҳуқуқӣ вобаста ба роҳ мондани омӯзиши нуктаҳои асосии Паём, эълон гардидани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ ва дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар кори он, сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд муҳтарам Шарифзода Шарофиддин, намояндаи соҳаи илми ҳуқуқ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳасанов Музаффар, муовини сардори Раёсат Солеҳзода Насрулло ва кормандони дастгоҳи марказии Раёсати адлияи вилоят иштирок намуданд.
Нахуст, сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд муҳтарам Шарифзода Шарофиддин вобаста ба эълон гардидани соли 2024 — Соли маърифати ҳуқуқӣ ибрози андеша намуда, маърифати ҳуқуқиро калиди муваффақият ва пешрафти ҷомеа номиданд. Инчунин таъкид доштанд, ки тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ асоси баланд бардоштани шуур, фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад, ки метавон ба ин васила дар соли ҷорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Сипас, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳасанов Музаффар, вобаста ба дарёфти роҳу усулҳои муосири ташвиқу тарғиб, ки таҳкимбахши маърифати ҳуқуқии ҷомеа мебошанд, назари хешро баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд таблиғи ҳуқуқиро бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» миёни мардум аз меъёрҳои ҳуқуқ, ки қоидаҳои рафтору кирдори одамонро дар ҷамъият меомӯзад ба роҳ монда, ҷиҳати ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани он чораҳои дахлдор роҳандозӣ намоем.
Дар ҷараёни сӯҳбат қайд гаридид, ки тамоми кормандони мақомоти адлия, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар соҳаҳо пеш мебаранд, бояд ба тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ пайваста диққати асосӣ дода, дар амалисозии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ саҳмгузор бошанд.