• Чт. Июн 26th, 2025

ДАР РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ОМӮЗИШИ ПАЁМ ДАР САМТИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АДЛИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Фев 28, 2024
Санаи 28 феврали соли 2024, дар маҷлисгоҳи Раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти роҳбарии сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд муҳтарам Шарофиддин Шарифзода ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид. Дар кори он, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Суғд Ҷамолов Хайруллохон, муовини сардори Раёсати адлияи вилоят Солеҳзода Насрулло, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, нотариусони калони давлатӣ ва нотариусони давлатии идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Раёсат муҳтарам Шарофиддин Шарифзода ифтитоҳ намуда, нахуст оид ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” маърӯза намуда, иброз доштанд, ки бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30 солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз Сарвари давлат дар Паёми хеш пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад ва дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, қабул гардид, ки мувофиқи он Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд. Татбиқи амалисозии нақша чорабиниҳо вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ элон шудани соли 2024, ба тамоми кормандони рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Махсусан, барои тамоми кормандони мақомоти адлия, ки сиёсати давлатиро дар самти меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва дигар соҳаро пеш мебаранд, дар амалӣ гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ фаъолона иштирок намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ баромадҳо карда, бояд саҳми назарраси худро гузоранд.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Суғд Ҷамолов Хайруллохон баромад намуда, оид ба ҳадафҳои Кумитаи иттифоқи касаба ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон ба саҳми ҳозирин расонида, тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар давраи фаъолияти корӣ аз моҳи сентябри соли 2022 то 28 феврали соли 2024 қаноатбахш ҳисобида шуд. Дар идомаи ҷаласа тибқи қарорҳои дахлдор бо роҳи овоздиҳӣ ҳайати нави аъзои Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳайати 5 нафар, инчунин ҳайати нави аъзои комиссияи тафтишотии кумита дар ҳайати 3 нафар интихоб карда шуда, бо қарори навбатӣ сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсат — Исозода Нозим Маҳмуд раиси Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд интихоб гардид. Дар фарҷоми ҷаласа сардори Раёсати адлия муҳтарам Шарофиддин Шарифзода ва раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатии вилояти Суғд Ҷамолов Хайруллохон ба Исозода Н.М. барои фаъолияти минбаъда ва пешбурди фаъолияти Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бурдборӣ таманно намуданд. Инчунин, раиси Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Исозода Н.М. ҷиҳати боварии сазовори роҳбарияти Раёсати адлияи вилоят ва коллективӣ меҳнатӣ оид ба интихоб намуданашон ба ин мақом изҳори қаноатмандӣ намуда, муваззаф гардид, ки фаъолияти кории Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.