Имрӯз, 5 апрели соли 2024, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлия аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Расулзода Нигора ва зери роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯрии судманд баргузор гардид.
Вохӯриро ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ифтитоҳ намуда, вобаста ба нуктаҳои асоси Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар сухан карда, тазаккур доданд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мазмуну моҳияти баланд дошта, дар он андешаҳои тоза, ғояҳои баландпояи пурмазмун замина ёфтааст, ки қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Қайд намуданд, ки бо мақсади амалӣ шудани меъёрҳои Конститутсия, гиромидошти 30 солагии рӯзи қабули ин санади тақдирсоз Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад. Ва дар ин замина, санаи 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” қабул гардид, ки тибқи он соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд.
Сипас, мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Расулзода Нигора эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”-ро иқдоми саривақтӣ ҳисобида, изҳор доштанд, ки давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ пайваста диққати асосӣ медиҳанд. Эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба Конститутсия, сараввалан баёнгари он аст, ки давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ мунтазам таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Инчунин, таъкид гардид, ки иқдоми мазкур, барои тамоми кормандони мақомоти адлия, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва дигар соҳаҳо пеш мебаранд, басо рамзӣ ва ифтихоромез арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.




