• Пт. Июн 27th, 2025

МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОВЧИҚАЛЪАЧА

Апр 4, 2024
Санаи 4 апрели соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби сармутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва ташили кори Раёсати адлия Вализода Илҳом ва мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғд Нарзизода Фараҳманд бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст, мулоқотро сармутахассиси бахши умумӣ, кадрҳо ва ташили кори Раёсати адлия Вализода Илҳом ифтитоҳ намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар сурат гирифта буд, маърӯза намуданд. Дар маърӯза тазаккур доданд, ки фурсати он аст, ки мо бар зидди ҳамаи зуҳроти номатлубу хавфнок, аз ҷумла ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар кишвар волоияти қонунро таъмин намоем.
Сипас, мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия Нарзизода Фараҳманд вобаста ба мубрамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат сухан намуда, баён доштанд, ки Паёми имсола фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон буда, асосан баҳри зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо маънои амиқу дақиқ ва тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.