Имрӯз, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон аз ҷониби мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Расулзода Нигора якҷо бо мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Абдураҳмонов Аҳлиддин, и.в. мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Гулистон Сатторова Матлуба ва раиси Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон Наргиса Бердиева бо омӯзгорону хонандагон ва стипендиягирон мулоқоти судманд анҷом дода шуд.
Дар мулоқот ба ҳозирин, оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, корҳои ташвиқотӣ баргузор намуданд. Инчунин, замни мулоқот ба ҳозирин, доир ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, уҳдадориҳои ҳарбӣ, коҳиш додани пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар фарҷоми мулоқот, як қатор омӯзгорону хонандагони фаъол бо Сипосномаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон қадрдонӣ гардиданд.














