Имрӯз ҷиҳати таъмини иҷрои банди 5-уми нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҳуқуқшиноси дараҷаи якум Исозода Нозим Маҳмуд, якҷо бо намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд Ҳабиба Ҳомидова, намояндаи шуъбаи кор бо ноболиғони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Айниддин Баҳодурзода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Мунира Шарипова, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Манзура Олимӣ, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-уми Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Башорат Неъматова бо хонандагони синфҳои болоӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар аснои мулоқот таъкид гардид, ки зери мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ, ин доштани донишҳои ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқи фаҳмида мешавад. Аз давраи қадим халқӣ тоҷик дорои фарҳанг, урфу одат ва маърифати баланди ахлоқӣ ва ҳуқуқиро доро мебошанд. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. “Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Сипас, дар кори мулоқот аз ҷониби сармутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Н.М. ба ҳозирин вобаста ба мавзӯи «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ» маърӯза карда шуда, таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм дар шароити рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ изҳори нигаронӣ намуда, қайд намудаанд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстромистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқа-андозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ин ҷост, ки тибқи Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба таҳдидҳои экстремизм ва терроризим дар марҳилаи кунунӣ дар баробари дигар омилҳо тарғиби ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи интернет, ҷалбкунии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои байналмилалии экстремистию террористӣ, кӯшишҳои аз ҷониби ин ташкилотҳо тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли аҳолии сайёра таҳдид менамоянд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, хонандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ



