• Пт. Июн 27th, 2025

БО ТАШАББУСИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ФЕСТИВАЛИ ДОХИЛИИДОРАВИИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Май 2, 2024
Санаи 2 майи соли 2024, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати адлияи вилояти Суғд оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид, бо мақсади рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, таҳкими тарзи ҳаёти солим дар Раёсати адлияи вилояти Суғд ва воҳидҳои сохторӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар толори “Қасри варзиш” аз рӯйи намуди — шоҳмот, шашка, футбол, волейбол, тениси рӯйи мизӣ ва бандкашӣ фестивали варзишӣ баргузор гардид.
Дар фестивал, муовини сардори Раёсати адлия Самадзода Ифтихор, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода, муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода, кормандони дастгоҳи Раёсати адлия, идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шуъбаву бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.
Фестивалро муовини сардори Раёсати адлия Самадзода Ифтихор ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимигардонии рӯҳу тан яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа дар ҳар давру замон мебошад. Дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди инкишофи варзиш ва машғул шудан ба он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам овара шудааст. Мақсад аз баргузор намудани фестивали мазкур оммавигардонии варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари ҷомеа ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
Инчунин, дар фестивал қайд гардид, ки варзиш гарави саломатӣ буда, шахси ба он машғулшаванда ҳамавақт солиму бардам мемонад. Имрӯз тамоми навъҳои варзиш дар Тоҷикистон рушд намуда, шароитҳо барои тамоми қишри ҷомеа фароҳам оварда шудааст. Бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат Тоҷикистони ҷавонони мо дар самти варзиш миёни давлатҳои ҷаҳон, ҳамчун кишвари варзишдӯст муаррифӣ гардид, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти варзиши ҷумҳурӣ дарак медиҳад.
Дар фарҷоми фестивал, як қатор кормандон барои иштироки фаъолона бо сипосномаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.