Имрӯз дар ноҳияи Спитамен бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, саривақт ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуди кӯдакони навзод, муҳиммият ва аҳамияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, қабул намудани мерос, қонунигардонии молу мулки ғайриманқул, хариду фурӯши амвол, васиятнома, тасдиқ намудани аҳдҳо, ваколатномаҳо ва дигар мавзуҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатии ноҳияи Спитамен корҳои фаҳмондадиҳии сайёр доир гардид.
Инчунин, бо мақсади таъмин намудани саривақтии шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ “САҲШ-и сайёр” ташкил карда шуд.






