• Пт. Июн 27th, 2025

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТАВАССУТИ ФАҲМОНДАДИҲИИ САЙЁР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Май 8, 2024
Имрӯз дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ва Ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, саривақт ба қайди давлатӣ гирифтани таваллуди кӯдакони навзод, муҳиммият ва аҳамияти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, қабул намудани мерос, қонунигардонии молу мулки ғайриманқул, хариду фурӯши амвол, васиятнома, тасдиқ намудани аҳдҳо, ваколатномаҳо ва дигар мавзуҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораи нотариалии давлатии ноҳияи Деваштич корҳои фаҳмондадиҳии сайёр доир гардид.
Инчунин, бо мақсади таъмин намудани саривақтии шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ “САҲШ-и сайёр” ташкил карда шуд.