• Пт. Июн 27th, 2025

ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИМОАМАЛ БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ОҒОЗ ГАРДИД

Май 14, 2024
Санаи 14 майи соли 2024 бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2024, №61 ва тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар ин самт, бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 бо сокинони маҳаллаи Чорачароғи шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохурии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Набизода Ҷамшед, аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамалкунандаи вилояти Суғд, аз ҷумла, сархатиби Масчиди ҷомеаи «Шайх Маслиҳатдин»-и шаҳри Хуҷанд Ҳоҷи Ҳусейн Мӯсозода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Ғафуров Мирзоғфрон, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ризозода Равшан, ҳуқуқшиноси Раёсати кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидов Садриддин, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Донёров Парвиз Худоёрович, инчунин судяи Суди шаҳри Хуҷанд Рустамзода Маъруф иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, сараввал муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон баромад намуд, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. “Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Сипас, дар идомаи мулоқот аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамалкунандаи вилоят ба сухан баромада, ба ҳозирин доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои оила ва оиладорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.