Дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо ибтикори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ, нақш ва аҳамияти он дар рушди илми тоҷик” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, устодони донишгоҳҳо ва факултети №4 Академияи ВКД иштироку баромад намуданд. Аз Раёсати адлияи вилояти Суғд муовини сардори Раёсати адлия Самадзода Ифтихор дар мавзӯи “Нақши паём ва маърифати ҳуқуқӣ дар ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, заминаҳои ҳуқуқии таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ” бо маърӯза баромад намуд.
Ҳамзамон, муовини сардори Раёсати адлия барои иштироки фаъол дар кори конференсия бо Сипосномаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.




