• Пт. Июн 27th, 2025

ДАР ДОИРАИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 АЗ ҶОНИБИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВОХӮРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Май 16, 2024
Ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 ва Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз 9 апрели соли 2024, №16 аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Раёсати адлия сармутахассиси Раёсат Масрурзода Фирдавс, мутахассисони пешбар Муҳаммадзода Дилноза ва Нарзизода Фараҳманд санаи 16-уми майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд бо кормандони ин ниҳод дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрии судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин аз ҷониби кормандони Раёсати адлия ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, апостилгузорӣ ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд гардид, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ“ ҳар як узви фаъоли ҷомеаро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии худ ва аҳолӣ кӯшиш намуда, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд. Зеро риояву иҷрои қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Дар фарҷом ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби кормандони Раёсати адлия ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.