• Чт. Июн 26th, 2025

ПАЁМ ВА СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

Май 22, 2024
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Мусаллам аст, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии кишвар вобастагӣ дорад.
Вазифаҳои якумдараҷаи сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, тақвияти соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди маориф ва илм, фарҳанг, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа мебошанд.
Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар унсурҳо ташкил медиҳанд, ки пеш аз ҳама он дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.
Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006, № 94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2025, амалӣ карда мешавад.
Дар паёми навбатии Сарвари кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28-уми декабри соли 2024-ум оид ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон зикр гардид, ки “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.
Дар паём бо ҳамин мазмун омадааст, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо ин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Конститутсия заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст ва соли 2024-ум сиюмин солгарди қабули он таҷлил мегардад.
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023-юм, №668 Соли 2024-ум «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 тасдиқ карда шуд. Дар заминаи ин нақша вазорату идораҳо ва ташкилотҳо давлатӣ нақшаи чорабиниҳои шабеҳ таҳия ва тасдиқ намуда, дар доираи он чорабиниҳои ташкилӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ, илмию оммавӣ ва амалӣ доир намуда истодаанд.
Ҳамчунин, рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ — 2024» бо фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024, №50 тасдиқ гардид, ки он бо тавсиф дар сомона ва саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии Facebook (Фейсбук)-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати адлияи вилояти Суғд барои корбарӣ ҷойгир карда шудааст.
Баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамчун фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шаҳрвандон оид ба муайян намудани мақсадҳо, вазифаҳо, афзалиятҳо, воситаҳо, шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ баромад намуда, тавассути таъмини сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқӣ, инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ ва тарбияи кадрҳои ҳуқуқшиносони касбӣ амалӣ мешавад.
Тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигар тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб мекунад. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
Яке аз унсури асосӣ ва калидии раванди болоравии фарҳанги ҳуқуқӣ ин тарғиботи ҳуқуқӣ мебошад. Тарғиботи ҳуқуқӣ раванди мақсаднок ва идорашаванда мебошад, ки амалишавии бомуваффақияти он таъминоти пурқуввати иттилоотиро талаб менамояд. Тарғиботи ҳуқуқӣ ҳамон вақт самаранок буда, натиҷаи интизоршавандаро ба вуҷуд оварда метавонад, ки агар субъектони тарғиботи ҳуқуқӣ бо тағйироти иҷтимоӣ-ҳуқуқие, ки дар ҷомеа рух додаанд ба хубӣ огоҳ бошанд. Дар корҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиботи ҳуқуқӣ, воситаҳои ахбори омма мавқеи хоса дошта, аз имкониятҳои он бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад.
Ҳамчуноне ки қайд намудем дар ҷумҳурӣ ҳамзамон Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, амал мекунад, ки дар он низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, мақомоти ҳамоҳангсоз ва татбиқкунанда ва дигар атрофи тарбияи ҳуқуқӣ дарҷ гаштааст.
Баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон дар танзими муносибатҳои оилавӣ ва таъмини устувории оила мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, як унсури асосии баланд бардоштани маърифати оилавиро маърифати ҳуқуқӣ ташкил медиҳад.
Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва шиддат гирифтани зиддиятҳои минтақавию тамаддунӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии маҳз ҷавонон хеле муҳим аст, ки он дар ташаккули шахсияти ҷавонон нақши калидӣ мебозад.
Дар паёми мазкур Пешвои миллат дар бораи сиёсати дохилии давлат нисбати ҷавонон изҳори назар намуданд. Қайд намуданд, ки «ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд».
Пешвои миллат илова намуданд, ки «ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.
Дар ин замина, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Мувофиқи моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст…». Ҷавонони даврони Истиқлол, ки қисмати муайяни ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳанд, ҳамчунин дар маъракаҳои муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ бояд фаъолона иштирок намуда, нақш ва саҳми худро дар иштироки бевосита дар идоракунии давлат ва рушди рукнҳои давлатдорӣ гузорад.
Дар раванди маъракаҳои муҳимми сиёсӣ иштироки ҷавонон ва аз мавқеи худогоҳонаву мустақилонаи худ ифода намудани изҳори худ — нишонаи ташаккулёбии мусбии шахсияти ҷавонон аст. Дар маъракаҳои муҳимми сиёсию таърихӣ иродаи ҷавонон хеле нақши муҳим дорад, чунки ҷавонони рўҳан солиму матин вазъи кунуниро дуруст омўхта, ба он баҳои аразанда медиҳанд.
Самадзода Ифтихор Амрохон,
муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд