Санаи 20-уми майи соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаҳои чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол аз ҷониби муовини сардори Раёсати адлияи вилоят Самадзода Ифтихор якҷо бо муовини якуми раиси шаҳри Истиқлол Алабердиён Муқаддас, сардори ШВКД Алиматзода Шероз ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Истиқлол Рустамзода Муқаддас дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар аснои вохӯрӣ ба ҳозирин оиди санадҳои танзимкунандаи таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сари вақт ба қайд гирифтани таваллуд, масъалаҳои оила ва оиладорӣ, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва дигар мавзуҳои мухталифи ҳуқуқӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.








