• Чт. Июн 26th, 2025

ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ГУСТАРИШ МЕЁБАД

Май 22, 2024
Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз 9 апрели соли 2024, №16 бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ҳайати гурӯҳи кории доимоамалкундаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҷиҳати пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар толори Филиали муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандони ин муассиса, кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд ва кормандони Маркази экспертизаи судӣ — тиббии вилояти Суғд вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд- роҳбари гурӯҳи корӣ Самадзода Ифтихор Амрохон, директори Филиали муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои тибб Мадмаров Лутфулло Мамасолиевич, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд Бутаева Мунаввара Рауфовна, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази экспертизаи судӣ — тиббии вилояти Суғд Муҳаммадиев Анвар Бобоҷонович, аъзои гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, аз ҷумла сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Дилноз, сармутахассисони Раёсати адлия Масрурзода Фирдавс, Ҷумазода Мухбира ва нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд Очилзода Нодира Одил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, сараввал муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд-роҳбари гурӯҳи корӣ Самадзода Ифтихор Амрохон баромад намуда, таъкид карданд, ки Сарвари кишвар дар паёми навбатии худ дар баробари дигар самтҳои сиёсати дохилии ҷумҳурӣ ҳамчунин оид ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар саҳми маҳз ҳуқуқшиносон назаррас бошад. Инчунин дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Пешвои миллат, маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
Сипас, дар идомаи вохӯрӣ сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят Муҳаммадӣ Дилноз доир ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва феҳристи номҳои миллӣ ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки барои қайди саривақтии кудакони навзод ва фавтидагон, инчунин муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда ҳамкориро тақвият бахшида, дар пойдории оилаи солим ва ҷомеаи солим саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Дар идомаи вохӯрӣ сармутахассиси шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия Ҷумазода Мухбира баромад карда, вобаста ба маърифат ва фарҳанги оиладорӣ андешаронӣ намуда, баён дошт, ки агар дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкорӣ дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад. Илова намуд, ки аз аҳди тамаддуни ориёӣ то имрӯз оилаву оиладорӣ муқаддас ва асоси давлат ба ҳисоб меравад, маҳз оила ҳамчун омили асосии интиқолдиҳандаи нақш ва симоҳои мадании байни наслҳо буда, дар иҷтимоишавии ҷомеа саҳми бузург дорад.
Баъдан нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд Очилзода Нодира Одил оид ба оқибатҳои риоя накардани тасдиқи нотариалии шартномаи сохтмони ҳиссагӣи бинои истиқоматӣ, ки боиси беэътибории он мегардад суханронӣ намуда, иброз намуд, ки вобаста ба танзим даровардани ин масъала дар мамлкат санаи 24 декабри соли 2022, №1918 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз 1 июли соли 2023 мавриди амал қарор гирифт, ки дар боби 60-уми он шартномаи сохтмони ҳиссагии биноҳои истиқоматӣ танзим карда шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.