• Чт. Июн 26th, 2025

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИМОАМАЛ БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Май 27, 2024
Санаи 27 майи соли 2024 бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд дар толори «Кохи фарҳанг»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2024, №61 ва тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар ин самт, бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 бо сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон ва имомхатибони ноҳия вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон, муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамали вилояти Суғд, аз ҷумла, судяи Суди вилояти Суғд Мирасилзода Абрӯнисо Абдумаҷид, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ризозода Равшан, ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Аъзам Ҳотамӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ карданд. Сипас, тибқи рӯзнома вохӯрӣ муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода Ифтихор Амрохон баромад намуда, оид ба заминаҳои ҳуқуқии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, мақоми ҳамоҳангсози таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар вилояти Суғд, ваколатҳои мақомоти адлия, инчунин муфассал оид ба сари вақт бақайдгирии кӯдаки навзод ва оқибатҳои ҳуқуқии риоя нагардидани меъёри қонун дар ин самт суханронӣ намуд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки тибқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бояд сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, дар идомаи вохӯрӣ аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамали вилоят ба сухан баромада, ба ҳозирин доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои оила ва оиладорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.