• Чт. Июн 26th, 2025

ИДОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИМОАМАЛ БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ

Май 24, 2024
Бо ташаббуси Раёсати адлияи вилояти Суғд ҳамчун ҳамоҳангсози амалишавии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, ҷиҳати таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2024, №61 санаи 24-уми майи соли 2024 ва тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида дар ин самт, дар толори «Кохи фарҳанг»-и шаҳри Истиқлол доир ба эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо сокинону хонандагон ва фаъолони шаҳр вохурӣ баргузор гардид.
Дар вохурӣ сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Нозим Маҳмуд, муовини якуми Раиси шаҳри Истиқлол Алабердиён Муқаддас, аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамали вилояти Суғд, аз ҷумла, судяи Суди вилояти Суғд Набизода Наргис, мудири бахши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Қаҳорова Муноҷот, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ризозода Равшан, сармутахассиси Раёсати занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдураҳимзода Маҳбуба, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Латипов Сунатулло, инчунин сархатиби Масчиди ҷомеаи марказии шаҳри Истиқлол Ҷумабоев Тухтаалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғоз сармутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Н.М. баромад намуда, иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 3-юми «Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст ва дар асоси банди 19-и Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ карда шуд. Ёдовар карда шуд, ки тибқи фармоиш сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла баҳри дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, дар идомаи вохӯрӣ аъзо ва намояндагони гурӯҳи кории доимоамали вилоят ба сухан баромада, ба ҳозирин доир ба мавзуҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои оила ва оиладорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.