Санаи 29-уми май ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз 9 апрели соли 2024, №16 бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 аъзои гурӯҳи кории доимоамалкундаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҷиҳати пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар толори «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд» бо иштироки кормандони ин муассиса вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон, аъзои гурӯҳи кории доимоамалкундаи Раёсати адлияи вилояти Суғд сармутахассис ва мутахассиси Раёсат Ҷумазода Мухбира ва Расулзода Нигора, инчунин мутахассиси пешбари шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Муҳаммадзода Дилноза ва сармутахассиси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Сироҷидднзода Мубина иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯриро директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Раҳмонзода Султон ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба аҳли толор муаррифӣ карданд. Сипас, тибқи рӯзномаи вохӯрӣ сармутахассиси Раёсати адлия – аъзои гурӯҳи корӣ Ҷумазода Мухбира баромад намуда, таъкид доштанд, ки мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин пеш аз ҳама расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ, қонун ва таълиму тарбияи шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Инчунин, илова намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат нисбати ташаккули оила,таҳкими рукнҳои оиладорӣ, бақайдгирии таваллуди кӯдакон дар мақомоти дахлдор, тарбияи кӯдакон, ғамхорӣ ва таъмини рушду камоли онҳо, иззату эҳтироми падару модар, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббат, кӯмаки мутақобилаву масъулиятшиносӣ ва баробарии ҳамаи аъзои оила таваҷуҳи махсус дода мешавад.
Дар идома, мутахассиси пешбари шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Муҳаммадзода Дилноза доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуда, оиди дар таҳрири нав қабул гардидани қонуни мазкур иброз намуданд, ки бо назардошти инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳким бахшидани таълиму тарбияи насли наврас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нав аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки минбаъд барои ҷонибдорӣ намудан ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Тағйирот, пеш аз ҳама, ба номи қонун ворид карда гардид, ки қаблан қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» номида мешуд, акнун он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ном дорад.
Инчунин, дар аснои вохӯрӣ мутахассиси Раёсати адлия – аъзои гурӯҳи корӣ Расулзода Нигора ба ҳозирин оиди «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва ташаккули сиёсати муосири давлатмон суханронӣ намуданд.
Дар фарҷом иштироккунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намудан ва ба онҳо аз ҷониби аъзои гурӯҳи кории доимоамалкундаи Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.





