• Чт. Июн 26th, 2025

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ РАЁСАТИ АДЛИЯ БАХШИДА БА «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» ДАР ҶСП БОНКИ «АРВАНД»

Май 31, 2024
Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз 9 апрели соли 2024, №16 бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ҳайати гурӯҳи кории доимоамалкундаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҷиҳати пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар толори ҶСП Бонки «Арванд» бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонки мазкур, вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд- роҳбари гурӯҳи корӣ Самадзода Ифтихор Амрохон, роҳбарияти бонк ва дигар воҳидҳои сохтории он ва аъзои гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Раёсати адлияи вилояти Суғд, аз ҷумла сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд Муҳаммадӣ Дилноз, нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон Охунӣ Бахтиёр, сармутахассис ва мутахассиси Раёсати адлия Масрурзода Фирдавс ва Расулзода Нигора иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи вохӯрӣ, сараввал муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд- роҳбари гурӯҳи корӣ Самадзода Ифтихор Амрохон баромад намуда, оид ба заминаҳои ҳуқуқии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, мақоми ҳамоҳангсози таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар вилояти Суғд, ваколатҳои мақомоти адлия, инчунин муфассал оид ба сари вақт бақайдгирии кӯдаки навзод ва оқибатҳои ҳуқуқии риоя нагардидани меъёри қонун дар ин самт суханронӣ намуданд.
Инчунин, зимни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки тибқи фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2024 рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тасдиқ гардидааст, ки тибқи он бояд сохторҳои вазорату идораҳо дар шаҳр, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти дигар барои ба таври васеъ истифода ва тарғибу ташвиқ намудан, аз ҷумла ҷиҳати дар сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоии дигар, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намудани рамзи «Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024» тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, дар идомаи мулоқот сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилоят Муҳаммадӣ Дилноз доир ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва феҳристи номҳои миллӣ ибрози назар намуда, даъват ба амал овард, ки барои қайди саривақтии кӯдакони навзод ва фавтидагон, инчунин муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда ҳамкориро тақвият бахшида, дар пойдории оила ва ҷомеаи солим саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Дар идомаи мулоқот нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон оид ба масъалаи қабули мерос тибқи қонун ва васиятнома, Масрурзода Фирдавс оид ба масъалаи гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ, Расулзода Нигора оид ба ҳадафҳои эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баромад намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҷумла оид ба паҳлуҳои ҳуқуқии гузоштани апостил, гузоштани васиятнома ва оқибатҳои он, муҳлати гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак ва оқибатҳои ҳуқуқии риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуданд.