• Чт. Июн 26th, 2025

ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ФАЪОЛОНИ ШАҲРИ БӮСТОН

Июн 5, 2024
Санаи 5-уми июни соли равон ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби мутахассиси пешбар ва мутахассиси шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Муҳаммадзода Дилноза ва Расулзода Нигора дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон якҷо бо мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳр Бобоев Муҳаммадалӣ ва муовини сардори Раёсати хоҷагии манзилии комуналии шаҳри Бӯстон Набиев Абдуғанӣ бо фаъолони шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассиси пешбари шуъбаи ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Раёсати адлия Муҳаммадзода Дилноза ҷиҳати
пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо дар байни ҷавонон баромад намуд. Сипас, мутахассис ҳамин шуъба Расулзода Нигора доир ба санадҳои танзимкунандаи таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, инчунин дар мавзуҳои савдои одамон, ҷиноятҳо бар муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти фаромилӣ касб кардаанд корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Дар фарҷом иштироккунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намудан ва ба онҳо аз ҷониби кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.