Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Насимӣ Гулҷаҳон ва кормандони бахш, дар ҷамоатҳои деҳоти Исфисор, Унҷӣ ва Дадобой Холматов бо аҳолӣ вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ мудири бахши мазкур доир ба мубрамияти Паёми имсолаи Сарвари давлат қайд намуд, ки Паёми имсола фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон буда, асосан баҳри зиндагии шоиставу некуаҳволии мардуми Тоҷикистон нигаронида шудааст. Ҳамчунин, эълон шудани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» басо маънои амиқу дақиқ ва тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.
Сипас вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки санаи 2-юми январи соли 2025, №2117 аз ҷониби Пешвои миллат имзо гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, иброз доштанд, ки қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба он, ташкил ва нигоҳдории китобҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин пешбурди феҳристи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро муайян менамояд.
Ҳамин тавр гуфта шуд, ки қонун дар шакли мукаммал қабул гардида, он бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон равона гардидааст.





