• Чт. Июн 26th, 2025

ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ

Янв 10, 2025
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашт бо котибони ҷамоатҳои деҳоти Панғоз, Шодоба, Ориён, Ошоба, Пунук, Меҳробод, Ифтихор ва Ашт машғулияти омӯзишӣ доир карда шуд.
Зимни машғулияти омӯзишӣ мудири бахш суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи таҳлилӣ ва муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат маҳсуб меёбад. Инчунин гуфта шуд, ки паём имсола татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия, саноатикунонии босуръат, беҳтар кардани шароити зисти мардум ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ вазифаҳои муҳиммро мушаххас менамояд.
Ҳамзамон хотиррасон карда шуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз тадбирҳои муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад, ки ба масъалаи мутобиқсозӣ ба замони муосир аҳаммияти калон дорад.
Дар идома, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар минтақаҳои дурдаст бо котибони ҷамоатҳои деҳот вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки санаи 2-юми январи соли 2025, №2117 аз ҷониби Пешвои миллат имзо гардид, машғулияти омӯзишӣ доир гардид.
Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки дар таҳрири нав қабул гардид, ҷавобгӯ ба талаботи замон ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ буда, он дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.
Дар фарҷом, аз ҷониби мудири бахш даъват ба амал оварда шуд, ки бояд мо масъулин бо дарки масъулият дар фаъолияти рӯзмараи худ ва бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ меъёрҳои пешибининамудаи қонунии соҳавии мазкурро, ки дар таҳрири нав ба имзо расидааст ба роҳ монем.