• Чт. Июн 26th, 2025

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ИСТАРАШВАН

Янв 15, 2025
Имрӯз, аз ҷониби нотариуси калони давлатӣ ва нотариусони давлатии идораи нотариалии давлатии шаҳри Истарашван якҷо бо корманди бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳр бо доираи васеи аҳолии касбу кори гуногун оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, корҳои тағиботиву ташвиқотӣ анҷом доданд.
Инчунин, дар ҷараёни корҳои тарғиботӣ вобаста ба мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ,Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», қабули мерос, хариду фурӯши амвол, қонунигардонии молу мулки ғайриманқул ва дигар мавзуҳои ҳуқуқӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Дар фарҷом, ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва ба онҳо аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.