Санаи 15-уми январи соли 2025 аз ҷониби кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд Ҷумазода Мухбира ва Расулзода Нигора бо мақсади омӯзиши Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бо кормандони муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ қайд карда шуд, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат таъкидҳои муҳими стратегӣ дар самтҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди устувори иқтисодӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа, густариши соҳаи маорифу илм ва рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҷой дода шудаанд.
Дар идома вобаста ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», ки санаи 2-юми январи соли 2025, №2117 дар таҳрири нав аз ҷониби Пешвои миллат имзо гардид, корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, тазаккур дода шуд, ки қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти бақайдгирандаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва анҷом додани амалиёти дигари вобаста ба он, ташкил ва нигоҳдории китобҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин пешбурди феҳристи давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро муайян менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, кормандони муассисаи мазкур доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намудан ва ба онҳо аз ҷониби кормандони Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.

