Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, дар толори калони МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ” аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Нигина бо занону бонувони фаъоли шаҳр мулоқот анҷом дода шуд.
Дар мулоқот мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Нигина иброз дошт, ки Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд.
Қайд гардид, ки паёми соли 2024 ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар равона гардида, дар ин замина ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ диққати зарурӣ дода шудааст. Аз ин рӯ, эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз манфиат холӣ набуда, тадбири мазкур ба вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятиҳои технологияи рақамӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот аз ҷониби мудири бахш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Кодекси оила муфассал шарҳ дода шуд.

