27 июли соли 2020 мулоқоти вазири адлия бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккави Хогалӣ доир гардид.
Мавзӯи асосии мулоқоти мазкур муҳокимаи ҳамкориҳои кунунии дуҷониба ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати самаранок амалӣ кардани Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 буданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва мутақобилаи судманд сурат гирифт. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба чораву тадбирҳои мушаххас андешида, дар асоси фикру мулоҳиза ва пешниҳоди тарафҳо нақшаи ҳамкориҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистонро ба имзо расонанд.