• Пт. Июн 27th, 2025

Ба истифода додани Маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ

Ноя 23, 2020

Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 утоқи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.