• Чт. Июн 26th, 2025

20 ноябр – рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак

Дек 9, 2020

20 ноябри соли 2020 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак ҷиҳати иҷрои банди 25 Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2020 ва банди 3 Нақшаи ҳамкориҳо (чорабиниҳо) байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2021 бо мусоидати молиявии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Фархор чорабинии ҷашнӣ баргузор карда шуд.

Мақсади чорабинии мазкур аз коҳиш додани шумораи кӯдаконе, ки аз қайди таваллуд нагузаштаанд ва ба ин васила кам кардани сатҳи бешаҳрвандӣ дар байни кӯдакон мебошад. Дар ин раванд барои 180 нафар кӯдакони шаҳру ноҳияҳои зикргардида шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд омода шуда, ба онҳо ройгон тақдим карда шуд.

Супоридани шаҳодатномаҳо дар бораи таваллуд бо усули «хона ба хона» бо риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ амалӣ гардид.