Санаи 20 апрели соли 2023 дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия ҷамъомад баргузор гардид.
Муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони мақомоти адлияро бо иди касбиашон табрик намуд.
Баъдан аз тарафи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин Ҳикматулло кормандони мақомоти адлияро табрик намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ собиқадорон ва кормандони соҳа қадрдонӣ карда шуданд.