• Чт. Июн 26th, 2025

АМАЛИШАВӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ

Июн 8, 2023

 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон имконият додааст, ки худашон ҳуқуқҳои оилавии худро татбиқ ва ҳимоя намоянд. Тан¬ҳо дар ҳолатҳои махсус, ба шарте ки ҷамъият ба ҳифзи ҳуқуқ¬ҳои оилавӣ манфиатдор бошад, дахолати прокурор ё худ мақомоти васояту парасторӣ имконпазир мегардад. Ғайр аз ин, яке аз фарқиятҳои асосии ин Кодекс аз қонунгузории собиқи оилавӣ дар он аст, ки бисёр меъёрҳои Кодекси нав тавассути созиши тарафҳо тағйир дода мешаванд, яъне муқаррароти диспозитивӣ доранд. Ин навъ муқаррароти Кодекс алалхусус ҳангоми танзими муносибатҳои амволии тарафҳо зоҳир мешаванд, яъне тарафайн дар ҳудуди қонун амал карда, ҳуқуқ доранд, ки муносибатҳои байниҳамдигарии худро бо назардошти манфиатҳои мушаххас муайян созанд.

Маълум аст, ки заминаи пайдоиши ҳуқуқу уҳдадориҳои оилавӣ далелҳои ҳуқуқист, яъне маҷмӯи амалу ҳодисаҳоест, ки қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ оқибатҳои ҳуқуқро бо онҳо алоқаманд мегардонанд. Яке аз хусусиятҳои хоси танзими ҳуқуқии Кодекси нави оила дар он ифода мешавад, ки аксар ҳуқуқҳои пешниҳодшаванда бо салоҳдиди худи аъзои комилҳуқуқи оилаҳо татбиқ мегарданд. Масалан, падару модари корношоями муҳтоҷи ёрӣ ҳуқуқи худро вобаста ба ситонидани алимент аз фарзандони болиғи худ истифода намебарад ё худ ҳамсарон ҳуқуқҳояшонро оид ба тақсими моликияти умумӣ, амволе, ки дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, татбиқ намекунанд. Ихтиёрдории шаҳрвандон аз истифодаи ҳуқуқҳо дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои оилавӣ дар аксарият мавридҳо ба воситаи қонун маҳдуд карда мешаванд. Чунин маҳдудсозиҳо аз талаботи манфиати ҷомеа, зарурати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва дигар омилҳо бармеоянд. Яке аз ин омилҳо муносибатҳои ҳуқуқии падару модар ва кӯдакон аст. Чунончӣ, ҳуқуқи падару модарон ба тарбияи кӯдакон уҳдадории асосии падару модар ба шумор меравад, ки характери конститутсионӣ (моддаи 34 банди 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дорад. Аз ин рӯ, ба уҳдаи падару модар вогузор намудани иҷро кардан ё накардани ин уҳдадорӣ роиҷ нест. Ё худ, моддаи 81 Кодекси оилавӣ ҳудудҳои муайян намудани андозаи алиментро мувофиқи созиши падару модар барои таъмини кӯдакони ноболиғ муқаррар кардааст. Дар бисёр ҳолатҳои дигар Кодекси оила зарурияти риояи принсипҳои асосии қонунгузории оилавӣ (м. 1 КО ҶТ), меъёрҳои ахлоқию маънавиеро, ки ба табиати муносибатҳои оилавӣ созгор афтодаанд, тақозо мекунад. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ на танҳо аз майлу хоҳиши аъзои оила, балки аз муқаррароти қонун низ вобаста аст.

Ҷиҳати дигари муҳим он аст, ки майлу хоҳиши аъзои оила дар масъалаи татбиқи ҳар як ҳуқуқ беҳудуд нест, балки бо ҳуқуқҳои ашхоси дигар маҳдуд карда мешавад. Яъне набояд татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсони дигар ва аъзои дигари оила зиён расонад. Масалан, ҳолатҳое дар зиндагӣ дучор меоянд, ки модари кӯдак (баъди қатъи ақди никоҳ) ҳуқуқи собиқ шавҳарашро ба мулоқоти писараш маҳдуд мекунад. Дар ин вазъият зан на танҳо ҳуқуқи падар, балки ҳуқуқи кӯдакро низ ба дидорбинии падар вайрон месозад.

Инчунин ҳолатҳое дучор мешаванд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ашхоси дигар, бошуурона, бо мақсади расонидани зарар халалдор карда мешаванд. Чунончӣ, муносибати падару модар бо бобою бибӣ вайрон шуда, кӯдак аз дидорбинии бобою бибӣ қасдан маҳрум карда мешавад. Дар ин вазъият қонун на танҳо манфиати кӯдак, балки хешу табори ӯро низ ҳимоя мекунад.

Вобаста ба ҳолатҳои блозикр моддаи 8 Кодекси оилаи Ҷумҳури Тоҷикистон усулҳои гуногуни ҳимояи ҳуқуқҳои оилавиро пешбинӣ кардааст, ки муҳимтарини онҳо тибқи моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи судӣ мебошад. Ҳамчунин мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро уҳдадории асосии давлат эътироф кардааст, ки ин нукта ба соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандон пурра дахл дорад. Меъёрҳои конститутсионӣ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқҳои оилавии шаҳрвандон дар моддаҳои дигари дахлдори Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию уқуқӣ возеҳу равшан инъикос ёфтаанд. Дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, маҳз ба ҳимояи судӣ бештар таваҷҷӯҳ шудааст. Чунончӣ, дар моддаи 14 Паймон оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ оварда мешавад, ки «ҳар кас ҳангоми баррасии ҳуқуқу уҳдадориҳояш дар ягон мурофиаи гражданӣ ба таҳқиқи озод ва одилонаи парвандааш дар суди мустақилу салоҳиятнок ва беғараз, ки дар асоси қонун таъсис шудааст, ҳуқуқ дорад». Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ асосан ба воситаи мақомоти суд амалӣ карда мешавад. Омори судӣ гувоҳӣ медиҳад, ки асосан мақомоти суд миқдори хеле калони парвандаҳоро оид ба қатъи ақди никоҳ баррасӣ мекунанд. Ин парвандаҳо мувофиқи муқаррароти Кодекси мурофиаи гражданӣ мустақиман аз ҷониби судя, танҳо ва дар зинаҳои кассатсионӣ, назоратӣ дар ҳайати дастҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Танҳо дар тӯли 5 соли охир 61621 ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ барҳам хӯрдааст, ки дар он оилаҳо 61918 кӯдакони ноболиғ тарбия меёфтанд. Бояд гуфт, ки масъалаи ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконе, ки берун аз ақди никоҳ таваллуд шуда, бе парастории падару модар мондаанд, ба танзими ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд. Масоили номбурда ба муҳим будани ҳимояи кӯдакон ва дигар аъзои оила дар шароити кунунӣ далолат мекунад. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ сарҳади татбиқи ҳуқуқҳои оилавиро равшан муайян менамоянд. Кодекси нави оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 моддаро пешбинӣ кардааст, ки дар онҳо бевосита ё худ ягон паҳлӯи роҳу усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ нишон дода мешавад. Амалишавии ҳуқуқҳои оилавӣ набояд манфиати дигар шаҳрвандон ва ё аъзои дигари оиларо халалдор созад. Ҳуқуқҳои никоҳию оилавӣ ҳамон вақте бо қонун ҳимоя мешаванд, ки агар мувофиқ бо таъиноти ин ҳуқуқҳо амалӣ гарданд.

Қонунгузории оилавӣ номгӯи воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавиро пешниҳод намекунад. Ин воситаву усулҳо дар меъёрҳое нишон дода шудаанд, ки ин ё он муносибатҳои оилавиро ба танзим медароранд. Масалан, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои никоҳӣ воситаҳои зерини ҳимояи ҳуқуқ, аз қабили қатъи муносибатҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳо оид ба аҳдномаи никоҳ – қатъ ё тағйир додани муносибатҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳои танзимкунандаи уҳдадориҳои алиментӣ – ситонидани ҷарима ва ҷуброни зарарро пешбинӣ мекунанд. Таҳлили моддаи 12 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳама воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои гражданӣ, ки дар ин модда номбар шудаанд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ низ ба кор мераванд. Ин воситаҳо – эътирофи ҳуқуқ, барқарор намудани ҳолате, ки то ҳуқуқшиканӣ ҷой дошт, пешгирӣ намудани амалҳое, ки боиси ҳуқуқшиканӣ ё ба вуҷуд овардани таҳдиди вайрон кардани ҳуқуқ мегарданд, беэътибор эътироф шудани аҳди баҳснок ва татбиқи оқибатҳои он, беэътибор эътироф шудани санади мақомоти давлатӣ ё мақомоти маҳаллӣ, худмуҳофизатии ҳуқуқ, маҷбуркунӣ ба иҷрои уҳдадорӣ дар шакли асл, ҷуброни зарар, ситонидани ҷарима, ҷуброни зарари маънавӣ, қатъ ё тағйир додани муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ғайра мебошанд. Хотирнишон бояд кард, ки воситаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ, чун қоида, дар санксияҳои меъёрҳои оилавию ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд. Зимни таҳлили санксияҳои оилавию ҳуқуқӣ мо ҷонибдори ақидаи он муҳаққиқоне ҳастем, ки санксияҳои ҳуқуқиро ба ду навъ – чораҳои масъулияти ҳуқуқӣ ва чораҳои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективӣ ҷудо мекунанд. Ба тадбирҳои масъулияти оилавию ҳуқуқӣ – қарори суд оид ба маҳрум намудани ҳуқуқи падариву модарӣ ва ғайра дохил мешаванд. Ба тадбирҳои ҳимояи ҳуқуқҳои субъективии оилавӣ – қарори суд оид ба қатъи ақди никоҳ, оид ба тақсими амвол аз рӯи ҳуқуқи моликияти умумӣ, оид ба муқаррар кардани падарӣ ва ситонидани алимент мансуб мебошанд. Ба тадбирҳои масъулияти ҳуқуқӣ ва тадбирҳои ҳимоя ҷудо кардани санксияҳои оилавию ҳуқуқӣ на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки бештар ҷанбаи амалӣ доранд. Ҷое, ки имкон дорад, ҳарду категорияҳои ҳуқуқӣ дар як вақт татбиқ шуда метавонанд. Масъулияти оилавию ҳуқуқӣ дар доираи муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ амалӣ карда мешаванд. Мисли дигар навъи муносибатҳои ҳуқуқӣ масъулияти оилавию ҳуқуқӣ мутобиқ бо меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ бо мазмуни объективиаш, дар асоси фактҳои ҳуқуқӣ, миёни субъектҳои мушаххас ба вуҷуд омада, мундариҷаи муайянеро доро мешаванд. Асос ва факти ҳуқуқии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҳуқуқии масъулият дар ҳуқуқи оилавӣ кирдори гунаҳкоронаи узви оила мебошад, ки бо роҳи поймолкунии номатлуби муносибатҳои ҳуқуқии танзимкунандаи дохилиоилавӣ муқаррароти меъёрҳои қонунгузории оилаву ақди никоҳро вайрон кардааст.

Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ дар марҳилаҳои зерини ҳаёти оилавӣ амалӣ мегарданд: 1. Давраи тоникоҳӣ, вақте ки усулҳои асосии бастани ақди никоҳ ба кор андохта мешаванд. 2. Дар давраи ҳаёти якҷояи ҳамсарон, яъне вақте сухан аз ҳимояи ҳуқуқҳои шахсӣ ва амволии ҳамсарон меравад. 3. Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо оид ба қатъи ақди никоҳ. 4. Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо вобаста ба тарбияи фарзандон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо. 5. Ҳангоми дар суд баррасӣ шудани парвандаҳо оид ба фарзандхонӣ. 6. Ҳангоми ҳалли масъалаи васояту парасторӣ ва дигар шаклҳои қабули кӯдакон ба тарбия. Ҳар як давраи номбаршуда дар ҳаёти оилавӣ хусусиятҳои худро дорад. Аз ин рӯ, дар Кодекси оилавӣ меъёрҳое пешбинӣ шудаанд, ки ба ҳалли дурусти низоъҳои оилавӣ ва баҳсҳои аъзои оила мусоидат мекунанд. Донистани онҳо на танҳо барои аъзои оила, дигар иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ, балки барои ҳимоятгар низ зарур аст. Махсусан шарҳи се давраи асосии ҳаёти оилавиро дар ин маврид овардан лозим аст, ки татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддиву мурофиавӣ ба ҳалли низоъҳои оилавӣ мусоидат хоҳанд кард.

Давраи тоникоҳӣ. Дар тафовут аз дигар Кодексҳои оилавии мамолики ИДМ Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор меъёрҳоеро пешбинӣ кардааст, ки ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамсарон нигаронида шудаанд. Масалан, меъёрҳое, ки бастани никоҳро миёни шахсоне манъ мекунад, ки яке аз онҳо бинобар сӯиистифода кардани нӯшокиҳои спиртӣ ё маводи нашъадор аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шудаанд; муоинаи тиббии шахсони издивоҷкунанда; бо тартиби судӣ баррасӣ шудани масъалаҳои вобаста ба кам кардани синни никоҳӣ; маҳдуд кардани муҳлати қайди ақди никоҳ, оид ба қайди ақди никоҳ бе муайян кардани муҳлати якмоҳаи интизорӣ ва ғайра.

Давраи ҳаёти якҷояи ҳамсарон. Меъёри дигар – институти аҳдномаи никоҳ, масъулияти ҳамсарон аз рӯи уҳда¬дориҳост. Хусусияти муҳими аҳдномаи никоҳ он аст, ки ин ҳуҷҷат қобилияти ҳуқуқдорӣ ё қобилияти амали шаҳрвандон, ҳуқуқи онҳоро дар масъалаи муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқ, танзими муносибатҳои шахсии ғайри-амволиро маҳдуд намекунад.

Давраи барҳам хӯрдани оила. Қатъи ақди никоҳ барои ҷомеа хавфи ҷиддӣ дорад. Аз ин рӯ, нигаҳдорӣ ва устувории оилаҳо вазифаи асосии мақомоти суду прокуратура ва адвокатура ба ҳисоб меравад. Бо мақсади нигаҳдории оилаҳо Кодекси оила меъёрҳои боздорандаи талоқ ва дар айни замон меъёрҳоеро низ пешбинӣ кардааст, ки ҳуқуқи ҳамсаронро ба талоқ маҳдуд намесозанд.

Инчунин, ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ, аз рӯи қоидаи умумӣ, новобаста аз он ки чӣ қадар вақт аз лаҳзаи ҳуқуқвайронкунӣ гузаштааст, амалӣ мешавад. Моддаи 9 ҳамин Кодекс ба ҷуз чор ҳолати мушаххас муҳлати даъворо ҳангоми ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ одатан муқаррар намекунад. Муҳлати даъво дар масъалаи талаб кардани тақсими амволи ҳамсарон ва даъво оид ба беэътибор сохтани ҳуқуқи падариву модарӣ, ситонидани қарзи алимент ва беэътибор эътироф шудани аҳди ҳамсарон дар сурати мавҷуд набудани созиши аз ҷониби нотариат тасдиқшудаи ҳамсарон татбиқ мегардад. Дар ҳолатҳое, ки муҳлати даъво бояд мавриди татбиқ қарор гирад, он аз рӯи меъёрҳои қонунгузории гражданӣ оид ба муҳлати даъво амалӣ карда мешавад.

Дар қисми 1 моддаи 220-и Кодекси граждании Ҷумҳурии То¬ҷикистон таърифи муфассали мафҳуми муҳлати даъво сабт ёфтааст: «Муҳлати даъво муҳлатест, ки дар давоми он талаби даъвои аз сабаби вайрон кардани ҳуқуқи шахс ё манфиати қонунан ҳифзшудааш ба миён омадааст, қонеъ карда шуданаш мумкин аст». Ба қавли дигар, муҳлати даъво муҳлатест, ки барои аз ҷониби суд ҳимоя шудани ҳуқуқи поймолшуда пешбинӣ шудааст. Муҳлати даъво барои он ногузир аст, ки на ҳамеша ҳолатҳои баҳснок бо гузашти вақти дурудароз дақиқкорона ва боварибахш муайян карда мешавад ва шахсе, ки нисбати ӯ талаботҳои беасос пешниҳод шудааст, ҳангоми баррасии судӣ барои ҳимояи худ исботи зарурӣ пешкаш карда наметавонад. Ҳамчун қоида, дар аксари муносибатҳои ҳуқуқии оилавӣ муҳлати даъво татбиқ намешавад. Инчунин маъноро дорад, ки Кодекси оила бо нишон додани муҳлат имконияти ҳифзи ҳуқуқҳои поймолшударо маҳдуд намесозад. Масалан, муҳлати даъво нисбат ба талаби беэътибор эътироф кардани ақди никоҳ, бекор кардани аҳдномаи никоҳ, ҳамчун асос барои ҳимояи пайдоиши ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, ба ситонидани алимент дар тамоми муҳлати татбиқи ҳуқуқи гирифтани он ва дигар ҳолатҳо истифода карда намешавад. Мувофиқи моддаи мазкур муҳлати даъво дар ҳолатҳое татбиқ мегардад, ки Кодекси оила муҳлати ҳимояи ҳуқуқҳои поймолшударо муқаррар карда бошад. Ин ба даъвоҳо оид ба тақсими моликияти умумии ҳамсароне, ки ақди никоҳашон қатъ шудааст, аҳдҳое, ки асосҳо ва таркиби бастани онҳоро Кодекси гражданӣ ба танзим медарорад, баҳси муайянкунии падарӣ (модарӣ), рӯёнидани қарзи алиментӣ ва дигар ҳолатҳо дахл дорад. Муҳлати даъво нисбат ба муносибатҳои оилавӣ аз рӯи қоидаҳое татбиқ мешавад, ки онҳоро Кодекси гражданӣ муайян кардааст. Мувофиқи ин муқаррарот муҳлати умумии даъво се солро дар бар мегирад. Инчунин қонун метавонад, ки барои (м. 38 КО ҶТ) муносибатҳои алоҳида муҳлати махсусро муайян кунад, ки аз муҳлати умумии сесола кам ё зиёд бошад. Ғайр аз ин, муҳлати даъво танҳо барои ба тариқи судӣ ҳал кардани баҳс пешниҳод мешавад, на тариқи маъмурии баррасии баҳс. Аз муҳлати даъво дигар муҳлатҳоеро фарқ кардан зарур аст, ки қонун онҳоро муқаррар кардааст ва барои татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ аҳамият доранд. Инҳоро як навъ муҳлатҳои пешгирикунанда низ меноманд, яъне муҳлати амалишавии худи ҳуқуқ, ки бо гузаштани он ҳуқуқи талаб кардани он низ адо мешавад. Масалан, муҳлати амалӣ кардани ҳуқуқ барои тарбия ва маълумотнок кардани фарзандон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби падару модар. Ин муҳлат дар моддаҳои 61-66 Кодекси оила нишон дода мешавад, ки он ба балоғат расидани кӯдак аст. Муҳлати пешгирикунанда бошад, муҳлати пардохти алимент барои таъминоти зан (зани собиқ) дар давраи ҳомиладории ӯ ва дар муддати се сол аз рӯзи таваллуди кӯдаки умумии зану шавҳар мебошад. Фарқи асосии муҳлатҳои пешгирикунанда аз муҳлати даъво дар он аст, ки гузашти муҳлати пешгирикунанда худи ҳуқуқро адо мекунад, нисбати муҳлати даъво бошад, қонунҳое татбиқ карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо шахс ҳуқуқашро баъди гузаштани муҳлати муқаррарнамудаи қонун низ татбиқ карда метавонад. Инҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавобгар ба гузашти муҳлати даъво истинод намекунад, ё ҳолатҳое, ки мувофиқи Кодекси гражданӣ дар моддаи 226 «Боздошти ҷараёни муҳлати даъво», моддаи 227 «Канда шудани ҷараёни муҳлати даъво», моддаи 229 «Барқарор намудани муҳлати даъво» пешбинӣ гардидаанд.

Ғайр аз ин, муқаррароти Кодекси гражданӣ оид ба муҳлати даъво характери ҳатмӣ (императивӣ) доранд, яъне тарафҳо бо созиши худ ҳуқуқи сарфи назар кардани муҳлати даъво ё иваз кардани онро надоранд. Мувофиқи моддаи 224 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҷараёни муҳлати даъво аз рӯзе, ки шахс огоҳ гардидааст, ё мебоист аз вайрон гардидани ҳуқуқаш огоҳӣ меёфт, оғоз мегардад». Ғайр аз ин, дар Кодекси гражданӣ шарту ҳолатҳое инъикос ёфтааст, ки бо назардошти онҳо муҳлати даъво дароз карда мешавад. Инҳо аз ҷониби суд боздошт кардан, канда шудан ва барқарор намудани муҳлати даъво мебошанд. Сабабҳои боздошт кардани ҷараёни муҳлати даъво инҳоянд: ҳолатҳои фавқулода (ҷанг, офати табиӣ, дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ будани даъвогар ё ҷавобгар) қонуни махсусе, ки ба таъхир гузоштани муҳлати иҷрои уҳдадориро пешбинӣ мекунад (мораторий) ва ҳангоми боздошти амали қонун ё дигар санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои дахлдорро танзим менамояд. Агар ин ҳолатҳо дар шаш моҳи охири муҳлати даъво ба миён оянд, ҷараёни муҳлати даъво боз дошта мешавад, агар ин муҳлат ба шаш моҳ баробар ё аз шаш моҳ камтар бошад, дар ҷараёни муҳлати даъво боз дошта мешавад. Моддаи 229 Кодекси гражданӣ муайян кардааст, ки «дар ҳолатҳое, ки суд сабаби гузаронидани муҳлати даъворо вобаста ба шахсияти даъвогар (бемории вазнин, бесаводӣ, оҷизӣ) узрнок эътироф кунад, ҳуқуқи вайронгардидаи шаҳрванд бояд ҳифз гардад».

Ализода Нигина,

муовини якуми вазири адлияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Собирзода Исфандиёр Салом,

ректори Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ