• Чт. Июн 26th, 2025

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТИИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР РАЁСАТИ АДЛИЯ

Июн 15, 2023

 

Имрӯз дар Раёсати адлияи вилояти Суғд, ҷаласаи навбатии комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси комиссия – сардори Раёсати адлия ва аъзоёни комиссия иштирок намуданд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати адлияи вилоят муҳтарам Шарифзода Шарофиддин Ҳикматулло баромад намуда, қайд карданд, ки ҳадаф ва вазифаҳои аслии комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим, фаҳмондадиҳии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” назорати риояи он дар байни кормандон мебошад. Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи котиби комиссия — Набизода Фатҳиддин шунида шуд.
Дар охир, сардори Раёсати адлия масъалаи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва анҷом додани корҳои тарғиботиву ташвиқотиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас доданд.