• Чт. Июн 26th, 2025

НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАЁСАТИ АДЛИЯИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Авг 16, 2023
Имрӯз, 15 августи соли 2023, нишасти матбуотии Раёсати адлияи вилояти Суғди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Шарифзода Шарофиддин, мудири шуъбаи маъмурию хуқуқии дастгоҳи раиси вилоят Туйчизода Темур, муовини сардори Раёсат, роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро сардори Раёсати адлияи вилоят оғоз намуда, доир ба фаъолияти Раёсат дар нимсолаи аввали соли 2023 маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 Раёсати адлияи вилоят дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, анҷом додани корҳои тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, расондани ёрии ҳуқуқӣ ва кӯмаки методию амалӣ ба нотариусони давлатӣ, бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва назорати фаъолияти оинномавии онҳо, апостилгузорӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 16 кабинети адвокатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, 1 кабинети адвокатӣ бо сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ аз нав ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ 1 кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд. Ҳамзамон, ба маълумоти намояндагони воситаҳои ахбори омма расонда шуда, ки дар нимсолаи сипаришуда аз тарафи идораҳои нотариалии давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 115 500 адад амалиёти нотариалӣ анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9296 адад ё 8 % зиёд мебошад.
Дар нишасти матбуотӣ оид ба самтҳои алоҳидаи фаъолияти Раёсати адлияи вилояти Суғд аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод гардида, ба онҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Раёсат ҷавобҳои мушаххас ва асоснок дода шуд.