8 августи соли 2023 соати 10:00 дар бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотї бо намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба натиҷаи фаъолияти Вазорат ва сохторҳои он баргузор гардид.
Ба саволҳои рӯзноманигорон вазири адлия, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳо ва дигар воҳидҳои сохтории вазорат посухҳои асоснок доданд.
Саволҳо паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифтанд.





